Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле

08.11.2019 20:59, Франсия

8 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Франсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ЮНЕСКО барои густариши ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф изҳори сипос карданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳифзу гиромидошти мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик, ба руйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кардани номгӯйи мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон, воқеъ дар Роҳи Абрешим, муҳокима карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ - рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ, минҷумла забон, фарҳанги куҳантаърихи миллат ва анъанаву суннатҳои неки ниёгон аҳаммияти басо муҳим касб кардааст.

Ҷонибҳо ҳадафи аслии ҳамкориро мусоидат ба таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори кишварҳои аъзои Созмон аз ҳисоби густариши робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг маънидод карданд.

То имрӯз номинатсияҳои “Шашмақом”, “Наврӯз” ва “Чакан - санъати гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад, ки соли 2020- ум 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразмро, ки соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид  шуда буд, таҷлил намояд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин лоиҳаҳои мазкур ба татбиқи нақшаи ҷалби сайёҳон ба кишварҳои минтақа, алалхусус Тоҷикистон, муаррифии шоистаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии кишвари мо, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла мусоидати ЮНЕСКО оид ба таҳияи стратегияи рушди таҳсилот ва такмили усулҳои омодасозии омӯзгорон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Дар ин зимн Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле пешниҳод кард, ки ҳамкориҳо дар доираи барномаҳои махсуси ЮНЕСКО оид ба омӯзиши пиряхҳо ва обистифодабарӣ, ҳамчунин захираҳои биосфера тақвият бахшида шаванд.

Дар робита ба ин атрофи мушкилоти рӯзмараи ҷаҳонӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои манфии он мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб аз Тоҷикистон боздид ба амал оранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520