Рӯзи 21-уми июн қисмати зиёди ҷаласаи умумии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушд таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт.
Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вогузор намудани раисӣ дар ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ, албатта нишона аз нуфузу эътибори байналмилалии ӯ чун роҳбари кишвари ташаббускори ҳаллу фасли мушкилоти зиёди глобалӣ доир ба об ва санитария, пешгирӣ аз гармшавии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва ҳамчунин чун роҳбари кишвари пешсаф дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мебошад.