Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев

30.10.2019 16:57, шаҳри Душанбе

30 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот таъкид доштанд, ки таъмини амнияту суботи умумии мо яке аз бахшҳои калидии ҳамгироии Тоҷикистону Россия мебошад ва дар ин ҷода ҳамкории мо ба таври матлуб рушд карда истодааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки танҳо бо талошҳои муштарак мо метавонем дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, ифротгароии динӣ, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, қочоқи маводи нашъаовар ва дигар таҳдидҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.

Таъкид гардид, ки барои мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳалли мушкилоти амниятии минтақавӣ, пурзур кардани иқтидори мудофиавии неруҳои сарҳадии Тоҷикистон вобаста ба таҳдиди хатар аз ҷониби Афғонистон, бояд тадбирҳои дастаҷамъона андешида шавад. Дар ин самт ҳамчунин ҳамкорию ҳамгироии шӯроҳои амниятии ҳар ду кишвар зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқоти судманд масъалаҳои ҳамкориро дар чаҳорчуби Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории низомӣ ва ҳарбӣ - техникӣ ва таҳкими робитаҳои байни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520