Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.10.2019 12:09, шаҳри Душанбе

24 октябр дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо таҳлилҳои амиқи вазъи соҳа суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳадафи вохурӣ баррасӣ ва муҳокимаи фаъолияти кунунии Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории Ҳукумати кишвар бо ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ ва иштироки ин ниҳод дар тадбирҳои ободонию созандагӣ ба хотири рушду пешрафти кишвар аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 узви комилҳуқуқи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат мебошад ва аз ҷониби Тоҷикистон 51 конвенсия ва 22 тавсияи ташкилоти мазкур пазируфта шудааст. Ҳамаи ин санадҳо бевосита барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди корӣ равона гардидааст.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ибтидои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ амалӣ гардида, асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии мардуми мамлакат тадриҷан такмил дода шуданд.

Бо таъмин гардидани рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва ислоҳоти бомароми идораи молияи давлатӣ даромади буҷети давлат аз 6 миллиард сомонии соли 2009 ба 23,8 миллиард сомонӣ дар соли 2019 расонида шуд, яъне дар даҳ соли охир 4 баробар зиёд гардид.

Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Аз ин ру, Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадораст, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд.

Инчунин, иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаашон назорати ҷамъиятиро ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, чорабиниҳои ҳифзи меҳнат ва риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, амалӣ намоянд, таъкид доштанд Президенти мамлакат.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки роҳбарону фаъолон ва аъзои иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон минбаъд низ барои фароҳам овардани шароити шоистаи кор ва зиндагӣ ба мардуми шарифи Ватани азизи мо - Тоҷикистон содиқона хизмат хоҳанд кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520