Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор Рейчел Кайт

22.06.2012 01:00, Бразилия

Дар ҳошияи Конфронси СММ оид ба рушд дар Рио-де-Жанейро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор Рейчел Кайт мулоқоти судбахш анҷом дод.

Рейчел Кайт ба муҳтавои суханронии Сарвари давлати Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии Конфронси Рио-20 баҳои баланд дода, пешниҳодҳои ӯро дар бахши энергетика ва доир ба роҳҳои рушди устувор сазовори дастгирии байналмилалӣ номид.

Зимни баррасии масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ аз сатҳи баланди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дастгирии пайвастаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Муҳокимаи масоили вобаста ба анҷоми босифати имконсанҷии техникию иқтисодӣ ва омӯзиши таъсири иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун ва татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСА-1000 низ аз мавзӯъҳои суҳбат буд.

Ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро доир ба таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи минбаъда таъкид доштанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520