Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

11.10.2019 11:42, Туркманистон

11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар оғози мулоқот нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро барои раисии муваффақона дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табрик карданд.

Сарони давлатҳо нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмӣ-техникиро барои таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ба сатҳи сифатан нав баровардани равобити дуҷониба, муҳим арзёбӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судманди саноати сабук ва кӯҳӣ, кишоварзӣ, аз ҷумла додугирифти маҳсулоти кишоварзӣ, бахши сармоягузорӣ, беҳсозии ҳамгироӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, обию энергетикӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва туризмро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин ба вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар супориш дода шуд, ки ҷиҳати баррасии масоили сиёсӣ ва амниятӣ машваратҳои сиёсӣ доир намоянд.

Ҷонибҳо ҷиҳати афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар андешидани чораҳои мушаххасро зарур шумурданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба таъмини амнияти минтақа ҳамчун яке аз масъалаҳои мубрам, аз ҷумла вазъи Афғонистон, мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, ифротгароии динӣ, қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Таъкид гардид, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамкории зичи сохторҳои низомии ду кишвар муҳиму саривақтӣ мебошад.  

Дар охири мулоқот Сарони давлатҳо даъват ба амал оварданд, ки бо мақсади таъмиқи муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкорӣ бо сафарҳои расмӣ ба давлатҳои якдигар ташриф оранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520