Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон

26.09.2019 17:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари реҳлати собиқ Президенти Франсия Жак Рене Ширак боиси андӯҳи мо гардид.  

Ҷаноби Жак Рене Ширак бо фаъолияти доманадори худ дар маснади олии Президенти Ҷумҳурии Франсия ҳамчун сиёсатмадор ва шахсияти боризи давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ обрӯву эътибори баланд пайдо карда буд.

Ҷониби Тоҷикистон саҳми марҳумро дар рушду тавсеаи равобити нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Франсия қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ сидқан эҳтиром мегузорад.

Лутфан таъзияву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум, ҳамчунин ба тамоми мардуми дӯсти Франсия бирасонед».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520