Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

25.09.2019 10:36, ноҳияи Рӯдакӣ

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

Сокинони шарафманду сарфарози ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ноҳияи Рӯдакӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бо бунёди даҳҳо иншооти маъмурӣ ва иҷтимоию хизматрасонӣ ободу зебо гардида, дар натиҷаи татбиқи ҳадафҳои созанда ва рушди бахшҳои муҳими ҷомеа сатҳу сифати зиндагии мардуми ноҳия рӯз то рӯз хубтару беҳтар мегардад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520