Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷики оламшумул

Дар ин рисола муаллифон тасмим гирифтаанд, ки нақш ва мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба корнома ва хидматҳои таърихии ин шахсияти барҷастаи замони муосир такя мекунад, дар масири бист соли таърихи навини тоҷикон ба қадри имкону тавони хеш равшан ва ба хонандагон манзур намоянд.

Шахсияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар партави мабоҳиси марбут ба заминаҳои таъмини сулҳу салоҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ дар кишвар, ислоҳоти конститутсионӣ ва эъмори ҳокимияти давлатӣ, барномарезиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳаввулоти маънавӣ, фарҳангӣ ва маърифатии Тоҷикистони давраи нав, таҳаққуқи сиёсати дарҳои боз дар муносибат бо ҷаҳони имрӯз меҳвари таҳқиқ ва арзишгузории муаллифонро фароҳам овардааст.


Муаллифон: Салимов Носирҷон
доктори илми филология, профессор

Абдуфаттоҳ Шарифзода
доктори илми таърих, профессор

Душанбе: «Ирфон», 2011. - 372 саҳ.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520