Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Файзобод

20.09.2019 10:40, ноҳияи Файзобод

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод бинои Хадамоти давлатии оташнишониро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот бо ду ошёна ва бо тарҳу намои хуб ба ифтихори истиқболи шоиста аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Бинои тозабунёди Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо сатҳу сифати баланд сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Рафтуомади бемамонияти кормандон ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёти мутаалиқ ба сохтор ба инобат гирифта шуда, саҳни бино пурра асфалтпуш гардидааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити кору фаъолият дар бинои мазкур ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ дорои 4 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳи барҳаво барои 35 ҷойи нишаст, ошхона, синфхонаи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту техникаҳои таълимӣ ва мошинсарой бо ҷойгиршавии се нақлиёти оташнишонӣ мебошад. Дар ҳуҷраи алоқа харита ва муҳимтарин воситаҳои алоқа насб карда шудааст, ки фаъолияти ниҳоди мазкурро дар самти пешгирӣ ва ҳарчӣ зудтар бартараф намудани ҳолатҳои сухтор беҳбудӣ мебахшад. Феълан дар Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар баробари мавҷудияти таҷҳизоти зиддиоташнишонӣ ва либосҳои корӣ 2 адад воситаи нақлиёти дар ҳолати хуб фаъолияткунанда мавҷуд мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам хубтар роҳандозӣ намудани фаъолияти корӣ ба кормандони Хадамот як адад воситаи нақлиёти оташнишонии ҳозиразамон тақдим намуданд.

Дар Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Файзобод барои пешбурди фаъолияти корӣ беҳтарин шароит муҳайё карда шудааст. Ҳайати шахсӣ ва роҳбарикунанда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорӣ ва андешидани тадбирҳои судманд дар самти беҳбудӣ бахшидани кори соҳа изҳори сипос намуда, бо итминон иброз доштанд, ки дар ҳама вазъу ҳолат ба нафъи миллату ҷомеа хизмати содиқонаву софдилона мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520