Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод

20.09.2019 08:21, ноҳияи Файзобод

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд.

Дар даромадгоҳи ноҳия Сарвари давлатро сокинони касбу кори гуногун бо самимияти хоса ва эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд.

Барномаи рангини консертии шуъбаи фарҳанги ноҳия, ки бозгӯкунандаи меҳру муҳаббат ва садоқати мардуми Файзобод нисбат ба Пешвои муаззами миллат мебошад, бо маҳорати баланди эҷодӣ ва бисёр ҷолибу диданӣ баргузор карда шуд.

Мақсад аз ташрифи Президенти мамлакат ба ноҳияи Файзобод ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, суҳбату мулоқот бо сокинон ва шинос шудан бо вазъи зиндагии онҳо мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520