Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози бунёди ҶДММ “Қолинҳои Душанбе” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

17.09.2019 09:29, шаҳри Душанбе

17 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисо 5-и ноҳияи Шоҳмансур барои бунёди корхонаи азими қолинбофӣ – Ҷамъиятидорои масъулияти маҳдуди “Қолинҳои Душанбе” санги асос гузоштанд.

Аснои муаррифии лоиҳа тазаккур дода шуд, ки иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 1,5 миллион метри мураббаъ қолин мебошад. Барои истеҳсоли қолинҳо дастгоҳҳои қолинбофӣ аз ширкати машҳури “Вандевил” –и Шоҳигарии Белгия ворид карда хоҳад шуд.

Дар корхонаи “Қолинҳои Душанбе” таҷҳизоте истифода мегардад, ки назираш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нест ва маҳсулоти тавлидотӣ таъиноти содиротӣ дошта, бо сифати олӣ истеҳсол хоҳад шуд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қолинҳои Душанбе” аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, баъди сохта ба истифода додани он, 1000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Ҷиҳати бунёди корхонаи мазкур 120 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд. Интизор меравад, ки ин корхонаи саноатӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар иншоот бештар аз 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Ҳангоми шиносоӣ бо иқтидор ва тарҳу шакли корхонаи бунёдшавандаи истеҳсоли қолинҳо дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт,Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки пеш аз ҳама, ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, сифати он ва тақвияти имконияти содиротӣ  диққати махсус дода шавад. Зеро ин яке аз омилҳое мебошад, ки тавассути он метавон дар бозори дохил ва хориҷи мамлакатнуфӯзи корхонаро баланд бардошт. Дар ҳоле, ки талабот ба маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи мамлакат низ хеле зиёд аст, ба даст овардани эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхона ба ҳисоб меравад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иқдоми соҳибкоронро шоёни дастгирӣ арзёбӣ карда, бунёди корхонаи истеҳсоли қолинҳоро дар пойтахти мамлакат ба мақсадҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бобати амалисозии муваффақонаи ҳадафи муҳими стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини ҳарчи бештари сокинон бо ҷойи кори доимӣ созгор арзёбӣ карда, ба масъулон дастур доданд, ки дар рафти сохтмон ба сифати корҳо аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520