Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

21.06.2012 08:00, Бразилия

20 июн дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар чаҳорчӯби иштирок дар Конфронси Рио+20 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот доир намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва минтақавию байналмилалии ду кишвар баррасӣ шуд.

Бо мақсади таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд, ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои марбут ба имзои лоиҳаҳои омодашудаи санадҳо доир ба соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба асосҳои муносибатҳои байнидавлатиро зарур шумурданд.

Масоили ҳамгироии ду давлат дар соҳаҳои маориф, нақлиёт, тиҷорат ва иқтисод, бунёди корхонаҳои муштарак, фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ низ мавриди таваҷҷӯҳи сарварони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон қарор гирифтанд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520