Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи иншооти гуногуни иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин оромгоҳи шоир ва мутаффакир Мир Сайид Алӣ Ҳамадониро зиёрат намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид барои суботу оромии Ватани азиз ва садодатмандию сарбаландии мардуми шарифи Ватан дуою фотиҳаи нек карданд.
Ормогоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар маркази шаҳри Кӯлоб мавқеъ гирифта, ҳамарӯза аз он бисёр сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан ва зиёрат мекунанд.
Тибқи маълумоти масъулин танҳо соли гузашта аз ин Оромгоҳ зиёда аз 20 ҳазор нафар дидан намудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити мавҷуда дар ин макони таърихӣ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи Оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон аз ин ҷо дастуру ҳидоятҳо доданд.