Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳияи Муъминобод

10.09.2019 11:21, ноҳияи Мӯъминобод

Дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунармандони ноҳия дидан карданд.

Дар ин намоишгоҳ сокинони ноҳияи Муъминобод намунаи беҳтарини маҳсули дасти худро ба маърази дид гузоштанд. Хоса бонувони чирадаст навъҳои гуногуни либосҳои миллӣ, аз ҷумла чаканро, ки соли 2018 ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии Юнеско шомил гардид, ба намоиш гузоштанд.

Тавре маълум гардид, дар ноҳияи Муъминобод ҳунарҳои чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попурдӯзӣ, адрасбофӣ, шерозбофӣ, кӯрпадӯзӣ, муҳрабофию кокулсозӣ, тоқидӯзӣ, кешбофӣ, рафидадӯзӣ дар ҳоли рушд қарор доранд. Махсусан баъд аз эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таваҷҷуҳи сокинони ноҳия ба ҳунару ҳунармандӣ бештар гардид.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар ноҳияи Муъминобод 7 маркази ҳунаромӯзӣ фаъолият мекард. Бо эълони сесолаи ҳунармандӣ шумораи ин марказҳо ба 10 адад расидааст. Бояд гуфт, ки дар доираи татбиқи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даҳҳои мактабу сех ва коргоҳҳои ҳунармандӣ ташкил шудааст.

Дар марказҳои ҳунаромӯзии ноҳия дар маҷмӯъ 85 намуди ҳунарҳои мардумӣ омӯзонида мешаванд. Бонувони ҳунарманд талош бар он доранд, ки ҳарчи бештар ҷавондухтаронро ба ин курсҳо фаро гиранд ва дар эҳё ва рушди ҳунарҳои аҷдодӣ саҳми худро гузоранд.

 Зимни суҳбати самимӣ бо модарони ҳунарманди ноҳияи Муъминобод, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки сару либоси миллӣ инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва анъанаву ҳунарҳои миллӣ буда, қавму миллатҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як сокини кишвар, бахусус занони тоҷик аст, ки дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ нақшгузор бошанд ва барои пешгирӣ аз бегонапарастиву тақлидкорӣ миёни ҷавонон, ҳамчунин ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар саҳмгузор бошанд. Тибқи маълумот дар давоми 6 моҳи соли 2019 зиёда аз 11 ҳазор сайёҳ ба ноҳияи Муъминобод ташриф оварданд.

Баъд аз тамошои намоишгоҳ, Сарвар давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари занону ҷавондухтарони ноҳияи Муъминобод баҳои баланд дода, онҳоро ба саҳмгузорӣ дар эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва тарбияи ҷавонон ҳидоят намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520