Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” дар шаҳри Бӯстон

24.08.2019 07:09, шаҳри Бӯстон

Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон коргоҳи маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо  хати истеҳсолӣ ва имкониятҳои коргоҳи навтаъсис аз наздик шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд.

Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат  аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфта, ба коркарди метал,  истеҳсоли мех ва мехи печон машғул мебошад.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки ин корхона метавонад дар як моҳ то 600 тонна металро коркард намуда, бештар аз 200 навъи мех ва мехҳои печон истеҳсол намояд. Ин навъи маҳсулот аслан ба кишвари мо аз хориҷ ворид мегардид ва ифтитоҳи коргоҳи нав метавонад, ки бо сифати баланди маҳсулоти худ дар бозорҳои мамлакат ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда низ рақобат намояд. Иншооти мазкур бо муосиртарин хати истеҳсолӣ аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ таъмин буда, маҳсулоти босифатро бо назардошти талабот ва стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол менамояд.

Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот асосан аз корхонаҳои ватанӣ, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дастрас гардида, маҳсулоти ниҳоии сохтмонӣ ба бозорҳои мамлакат пешниҳод карда мешавад. Дар ҳоли авҷ гирифтани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва сохтмони иншооти гуногун дар кишвар талабот ба ин навъи маҳсулот хеле зиёд буда, ҳамчунин корхона имконият дорад, ки барои содирот низ навъҳои гуногуни мех ва мехҳои печонро истеҳсол намояд.  Корхонаи мазкур бо харҷи 18 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Ҳайати корӣ аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта,  малакаи хуби кор бо дастгоҳҳои муосирро соҳибанд. Дар корхонаи нав 50 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гашта, ба иттилои масъулин онҳо аз 2500 то 3000 сомонӣ музди меҳнат мегиранд.

Иншооти мазкур дар масоҳати бештар аз 3 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфта, лоиҳаи он аз ҷониби КВД “Лоиҳакаш” дар шаҳри Бӯстон таҳия гардидааст. Пудратчии он ҶДММ “Истиқлол ва КО” буда, корҳо бо назардошти талаботи муосири сохтмонӣ ва бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ анҷом дода шудаанд.

 Зимни шиносоӣ Сарвари давлат ба сифати маҳсулоти коргоҳи нав баҳои баланд дода, барои фаъолияти мунтазаму пурсамар ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ба масъулини он дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520