Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз майдони нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии "Камола" ва намоиши маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони ноҳияи Зафаробод

22.08.2019 08:38, ноҳияи Зафаробод

Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нашъунамои пахта дар Хоҷагии деҳқонии "Камола" ва намоиши маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони ноҳия дидан намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Хоҷагии деҳконии "Камола" дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат соли 2014 таъсис ёфта, то ба имрӯз ба парвариш ва кишти зироати гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла пахта машғул мебошад. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки заҳматкашони хоҷагии мазкур дар кишту парвариши зироати техникӣ таҷрибаи бой дошта, майдони пахтазори он 10 гектарро дар бар мегирад ва феълан нашъунамои он бо истифода аз таҷрибаи ғании агротехникӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки дар Хоҷагии деҳконии "Камола" пахтаи навъи "Хуҷанд-67" парвариш карда мешавад ва саҳмдорон ҳамасола ҳосилнокии хуб низ ба даст меоранд. Аҳли заҳмати ин хоҷагӣ дар самти истифодаи пурсамари замин кишту парвариши пахтаро бо истифода аз тухмиҳои баландсифат ва тавсияи мутахассисони соҳа ба роҳ мемонанд. Ҳамин буд, ки соли 2018 аз ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна 50 сентнерӣ ҳосили пахта рӯёниданд ва имсол низ тавассути меҳнати зарбдор ва истифодаи техникаю гузаронидани тадбирҳои муҳими агротехникӣ, интизор меравад, ки аз ҳар гектар бештар аз 55 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд.

Дар маҳалли боздид аҳли заҳмати ноҳия ба истиқболи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастранҷи меҳнати худро ба намоиш гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳия дар нимсолаи аввали соли равон ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 30 ҳазору 639 гектар кишт гузарониданд, ки аз он 5 ҳазору 767 гектар ғаллагиҳо, 14 ҳазору 354 гектар пахта, 1046 гектар дигар зироати равғандеҳ, 235 гектар картошка, 567 гектар сабзавот, 1223 гектар полезӣ ва дар майдони 7 ҳазору 443 гектар хӯроки чорво мебошанд.

Ҳамчунин дар ин давра майдони 163 гектар заминҳои боир ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад. Иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли 2019 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 121 миллиону 882 ҳазор сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, 9 миллиону 417 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар ин самт 108,4 фоизро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заҳмату муваффақиятҳои кишоварзони ноҳияи Зафаробод, дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъмини бозори дохила бо маҳсулоти тару тоза изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани майдони кишти зироат аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва афзоиш додани номгӯи маҳсулоти содиротӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520