Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи “Баҳористон” - и шаҳри Гулистон

21.08.2019 21:54, шаҳри Гулистон

Нимаи дуюми рӯзи 21 август дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо рафти корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар Осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони бинои наву муосири “Маҷмааи иншооти қабули меҳмонони олиқадр” дар ҳудуди Осоишгоҳи “Баҳористон”, воқеъ дар соҳили баҳри “Тоҷик” ошно шуда, бо коргарону сохтмончиён оид ба татбиқи саривақтии лоиҳаи бунёди бино суҳбат карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргаронро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи ватанӣ, нақшу нигори миллӣ, риояи қоидаҳои меъмории миллӣ ва дигар қоидаҳои сохтмон, ҳидоят карданд.

Барои хеле дилкашу дилрабо гаштани саҳни ҳавлӣ ва атрофи иншоот Сарвари  давлат дастур доданд, ки бо истифода аз таҷрибаи ғанӣ дар ҳудуди маҷмаа дарахтони ороишӣ, чароғҳои ранга ва дар роҳравҳо сангҳои ороишӣ шинонида, фаввораҳо, шаршараҳои сунъӣ, бунёд карда, ин ҷоро ба як макони хуби сайру тамошои меҳмонон табдил диҳанд.

Дар соҳили Баҳри “Тоҷик” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳавзи моҳипарварии Осоишгоҳи “Баҳористон” бо вазъи соҳаи моҳипарварӣ шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки зимни сафарҳои қаблӣ Пешвои миллат ба хотири рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ин ҳавз ҳазорҳо адад моҳиҳои навъҳои “амури сафед”, “пешонағафси сафед”, “карп” ва ғайраро сар дода буданд.

Дар ҳудуди Осоишгоҳи “Баҳористон” барои таъмини истироҳаткунандагон бо хурокҳои парҳезӣ, гушт, шир ва тухм парвариши парранда, чорвои калон ва харгуш ба роҳ монда шудааст.  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520