Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани шабакаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокии “Ҳазорчашма-Ғончи” дар ноҳияи Деваштич

21.08.2019 09:36, ноҳияи Деваштич

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати нави оби нӯшокии “Ҳазорчашма-Ғончи” -ро мавриди истифода қарор доданд.

Оби нӯшокӣ дар масофаи 8 километр аз мавзеи Ҳазорчашма то ба маркази ноҳия -  шаҳраки Ғончӣ оварда шудааст, ки шаҳрак ва 7 деҳоти ноҳияро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин менамояд.

Оби нӯшокии худҷорӣ аз саргаҳи мавзеи Ҳазорчашма тариқи қубурҳои полиэтилении қутрашон 500 миллиметра то шаҳраки Ғончӣ оварда шудааст, ки дарозии хати об 7,2 километрро ташкил медиҳад. Татбиқи лоиҳаи Шабакаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар ноҳияи Деваштич аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи зиёда аз 8 миллион сомонӣ амалӣ шудааст.

Хати нави оби нӯшокии “Ҳазорчашма-Ғончӣ” дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини доимии сокинони деҳоти ноҳия бо оби нӯшокии аз ҷиҳати экологӣ тоза амалӣ карда шуда, татбиқи лоиҳа дар марҳилаҳои гуногун давоми чанд соли охир сурат гирифтааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки барои таъмини боэътимод бо оби нӯшокӣ дар баробари бунёди хати об дар саргаҳи мавзеи Ҳазорчашма ду ҳавзи захиравии об яке бо ғунҷоиши 700 мукааб ва дуюмӣ бо ғунҷоиши 150 мукааб сохта, ҳамзамон дар ин мавзеъ хонаи безараргардонӣ, хонаи истироҳатӣ ба кормандон ва дигар иншооти ёрирасон бунёд гардидааст. Дар баробари ин барои таъминоти сокинони деҳот бо оби тозаи ошомидани дар доираи лоиҳа ду чоҳи амудӣ дар чуқурии то 120 метр низ кофта шуда, бо пайваст намудани насосҳои обкашӣ ҳаҷми об зиёд карда шудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки қаблан ба 19 ҳазор нафар сокинони шаҳраки Ғончӣ ва 6 деҳоти атрофи он оби нӯшокӣ тариқи реҷаи муайяншуда дастрас  мегардид, ки сокинон аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ доштанд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани хати нави оби нӯшокии “Ҳазорчашма-Ғончӣ”, бунёди ҳавзҳои захиравӣ беш аз 26 ҳазор нафар аҳолии шаҳраки Ғончӣ, деҳаҳои Ғазантарак, Қалъачаи раис, Қалъачаи Азим, деҳаи Гул ва деҳаи Гулобод  бо обӣ тозаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар таъмин гардиданд.

Дар радифи сохтмону навсозии иншооти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ бунёди инфрасохтори оби нӯшокӣ ва таъминоти аҳолӣ бо оби тоза аз омилҳои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва солимии аҳолӣ мебошад.

Иқдомҳои судманд дар таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба сокинон ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта идомаи татбиқи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва дигар тадбирҳои шоистаи сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим мебошад, ки имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520