Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маҷмаи модару кӯдак дар ноҳияи Деваштич

21.08.2019 09:31, ноҳияи Деваштич

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Деваштич Маҷмаи муосиру тозабунёди модару кӯдакро дар фазои шукуҳу фараҳмандӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин Маҷмаи калони солимии модару кӯдак бо супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи 18 миллион сомонӣ дар заминаи бинои солҳои дароз нотамом сохта шуда, барои ба хизматрасониҳои тиббию солимгардонӣ фаро гирифтанӣ модару кӯдак шароиту имконияти беҳтарин фароҳам оварда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи расмии ин Маркази тиббӣ таъкид намуданд, ки солимии аҳолӣ, хусусан солимии модару кӯдак дар маркази таваҷҷӯҳи доимии давлату ҳукумати Тоҷикистон мебошад, зеро аз модари солим, кӯдаки солим таваллуд меёбад, ки ояндаи генофонди миллат мебошад.

Дар саҳни муассиса муҷассамаи рамзии модару кӯдак бунёд гардидааст ва Сарвари давлат парда аз рӯӣ муҷассама бардошта, табибону кормандони тибро ба хизматрасониҳои сатҳи баланд ба модару кӯдак ҳидоят намуданд.

Маҷмаи модару кӯдак ташхису табобат, солимию солимгардониро дар самтҳои хеле васеъ фарогир аст.

Марказ аз ду ошёна ва чор шуъбаи асосӣ - шуъбаҳои таваллуд дорои 75 кати беморӣ, амрози занона 25 ҷой, амрози кӯдакона 45 кат, эҳёгарӣ ва ҷарроҳии кӯдакона дорои 15 кати бистарӣ, дар маҷмӯъ аз 160 кат иборат мебошад.

Дар ҳуҷраҳои корӣ ва табобатии марказ шароитҳои муосири кори табибону кормандони тиб ва табобату ташхиси модару кӯдак бо таъмини лавозимоти замонавии тиббӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир фароҳам оварда шудааст.

Дар марказ ташхису табобат ва ҷарроҳӣ бо истифодаи дастгоҳҳои сохти муосир аз ҷумла, рентгени флюрографӣ, дастгоҳҳои колпаскопӣ, ултрасадо, мизи ҷарроҳӣ ва дигар таҷҳизоти нави муосири тиббӣ анҷом дода мешаванд.

Дар маҷмаа таҳлилгоҳҳои клиникавӣ ва биохимиявӣ, ки бо дастгоҳу лавозимоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст, таъсис дода шудааст ва ин имконият медиҳад, ки ҳамаи таҳлилҳо дар як ҷо гузаронида шаванд.

Дар марказ барои табобату солимгардони аз гиёҳҳои шифобахши табии васеъ истифода мегардад. Бо ин мақсад дар муассиса гӯшаи гиёҳдармонӣ бо пешниҳоди номгӯӣ зиёди гулу гиёҳҳои шифобахши кӯҳсорони кишвар ташкил шудааст.

Барои кор дар марказ коргарони соҳибтаҷрибаи соҳаи ташхису табобати модару кӯдак ва табибони ҷавону кормандони миёнаи тиб, ки аз такмили ихтисос гузаштанд, ҷалб карда шудаанд.

Саҳни муассиса васеъ буда, бо тарҳи хоса ободу зебо ва сабзу хуррам гардонида шудааст, ки барои истироҳату фароғати модару кӯдак мусоид мебошад. Дар саҳни муассиса суҳбаткадаҳо низ бунёд гардидаанд.

Дар марказ инфрасохтори лозимаи соҳаи тандурустӣ ба вуҷуд оварда шуда, маркази мустақили гармидиҳӣ барои таъмини ҳуҷраҳо бо гармӣ, хати оби нӯшокӣ ва трансформатори мустақилу хати озоди барқ барои фаъолияти мунтазами муассисаи тиббӣ мусоидат менамояд.

Намояндагони аҳли ҷомеа, кормандони соҳаи тиб ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин муассисаи муосири тиббӣ изҳори сипосу хушнудӣ намуданд, зеро марказ барои таъмини саломатии модару кӯдак аҳамияти муҳим дорад ва тӯҳфаи арзанда ба ифтихори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520