Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи 17 километр роҳи мошингард дар ноҳияи Деваштич

21.08.2019 08:31, ноҳияи Деваштич

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншоот ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ташриф оварданд. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони ноҳия гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ роҳи мошингарди аз шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ то маркази ноҳияи Деваштичро пас аз мумфаршкунӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 

Роҳи мазкур 17 километрро ташкил дода, пас аз навсозӣ аз категорияи 3-юм ба категорияи чоруми роҳсозӣ мутобиқ гардонида шудааст. 

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки паҳноии роҳ 8 метрро ташкил дода, дар маҳаллаҳои аҳолинишин роҳ  то  11 метр васеъ гардидааст. 

Роҳи мошингарди Хуштоҳир - Яхтани шаҳраки Ғончӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду навсозӣ гардида,  дар рӯзҳои истиқбол аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои сокинони ноҳия мебошад. 

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Роҳи байналмилалии Тоҷикистон” аст.

Қитъаи роҳ, ки  маркази ноҳияи Деваштичро ба шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мепайвандад, дар доираи корҳои навсозӣ ҳамзамон дар маҳаллаҳои аҳолинишини он бо насби сутунпояҳо чароғон карда шуда, роҳҳои пиёдагард ба масофаи 2,5 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст. 

Роҳи мазкур солҳои зиёд таъмир нашуда буд ва ҳангоми рафтуомад дар ҳама фаслҳои сол сокинон ба мушкилии ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Бо анҷоми ин тадбир. Яъне пурра мумфарш шудани роҳ дар ҳама фаслҳои сол рафтуомади мунтазами сокинон, воситаҳои нақлиëт ва интиқоли мусофиру мол комилан осон шуд. 

Ронандагону мусофирон аз ин иқдоми созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. 

Дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” соли ҷорӣ бо  пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард дар ҳудуди  ноҳия зиёда аз 170 километр роҳҳо таъмиру тармим гардида, корҳои навсозӣ дар ин  самт идома дорад.  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520