Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Ховалинг

07.08.2019 11:55, ноҳияи Ховалинг

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ ба натиҷаи заҳмати аҳлонаи сокинони ноҳия ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг мулоқоти самимӣ анҷом доданд.

Дар оғози мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияро бо фарорасии ҷашни фархундаи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи як қатор иншооти нави маъмурию хизматрасонӣ табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки ифтитоҳи иншооти муҳим дар марказ ва деҳоти ноҳия нишона аз татбиқи амалии дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони бонангу номуси ноҳияи Ховалинг дар оянда низ дар татбиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи давлатва Ҳукумати мамлакат бо неруи тозаву ғайрати дучанд иштирок намуда, барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ заҳмат мекашанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ховалинг ба роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сокинони заҳматқарини ноҳия дар мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар доираи дастуру супоришҳо ва таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ баҳри ободию пешрафти бештари ноҳия заҳмат мекашанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520