Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари давлатии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

18.03.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Субҳи имрўз Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат баргузор гашт.

Ба ин муносибат дар саҳни ҳавлии қасри Миллат парчамҳои давлатии Тоҷикистону Туркманистон афрохта шуда, Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф ороста буданд.

Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ фармондеҳи Горди фахрӣ ба меҳмони олимақом гузориш дод ва сурудҳои миллии ҳарду давлат садо доданд. Дар ҳамин вақт садои шилликҳои тўпхона, ки танҳо хосси сафарҳои давлатӣ аст, дар фазо танинандоз гардид.

Баъд аз он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов аз назди ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон гузашт карданд. Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ҷониби Парчами давлатии Тоҷикистон бо нимтаъзим эҳтиром ба ҷо оварда, ба ҷузъу томҳои горди фахрӣ арзи салом намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб аз наздик шинос шуданд.

Дар маросими истиқболи расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ҳамчунин намояндагони сершумори корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони ду давлат ба поён расид.

Масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон нахуст дар сўҳбати як ба яки сарони ду давлат ва сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар баррасӣ шуд.

Сарони ду давлат дар рўзҳои Наврўзи хуҷастапай баргузор гаштани сафари давлатии Президенти Туркманистонро ба Тоҷикистон фоли нек аз дурнамои пурсамари муносиботи мутақобилан судманд арзёбӣ намуда, аз мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни фархундаи Наврўз арзи сарфарозӣ карданд.

Зимни баррасии масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва гуманитарӣ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб барои кашидани хатҳои интиқоли нерўи барқ, лўлаҳои нафту газ ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард миёни Тоҷикистону Туркманистон аз тариқи қаламрави Афғонистон талош хоҳанд намуд.

Сарони ду давлат азм доранд, ки баҳри ба сатҳи боз ҳам болотар баровардани муносиботи дўстию ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон ҷаҳду талош намоянд, зеро ҳарду ҷониб ба ин андешаанд, ки имкону захираҳо барои рушди ҳамкории бисёрсоҳа хеле зиёданд.

Баъди анҷоми музокироти расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Нахуст зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов имзо гузоштанд.

Сипас аз ҷониби намояндагони ваколатдори ду давлат 6 санади зерин ба имзо расид:

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва ваколатдиҳӣ;

Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2010-2011;

Созишнома миёни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адолати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ;

Протокол оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии миллии «Туркменҳавоёллари»

Шартнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Туркманистон.

Сипас сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар назди намояндагони сершумори воситаҳои ахбори умум суханронӣ намуда, аз натиҷаҳои мулоқоту гуфтушунидҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар охир Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 мукофотонида шуд.

Чунонки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо ин мукофоти олии давлатии Тоҷикистон барои нақши намоёнаш дар таҳкими дўстӣ ва рушди ҳамкорӣ миёни ду кишвар сарфароз гардонда мешавад.

Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ин мукофотро нишони эҳтирому қадрдонии баланд ба кулли мардуми Туркманистон маънидод карда, ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуд. Сарвари давлати Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ҳамчунин ба нақши таърихии Исмоили Сомонӣ ва давлати Сомониён баҳои баланд дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520