Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани маркази хизматрасонӣ дар ноҳияи Ховалинг

07.08.2019 08:01, ноҳияи Ховалинг

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Лоҳутии деҳоти Лоҳутӣ Маркази хизматрасониро, ки дар масоҳати 150 метри мураббаъ қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бинои Маркази хизматрасонӣ дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар он барои дӯхти сару либос, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо ба сокинон шароит фароҳам оварда шудааст.

Дар ошёнаи 1-уми бино толори намоиш ва фурӯши сару либос ва ҳунарҳои миллї, сартарошхона ва ошхона ҷойгир буда, дар қисмати дигари он либосҳои мактабӣ, тиббӣ, ҳарбӣ ва сару либоси миллӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Ошёнаи 2-юми Маркази хизматрасонї аз коргоҳи дӯзандагӣ иборат мебошад. Коргоҳи мазкур бо наздики 30 адад мошинаҳои дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ барои дӯхти сару либос муҷаҳҳаз аст. Дар коргоҳи дӯзандагӣ беш аз 30 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ба таъкиди масъулин, ба хотири қонеъ кардани талаботи мизоҷон то мавриди истифода қарор гирифтани ин марказ 10 нафар занону ҷавондухтарони деҳаи Лоҳутӣ дар пойтахти мамлакат ба курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ҷалб гардида, нозукиҳои ин касбро омӯхтанд.   

Зимни шиносоӣ бо шароити Маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро шоёни дастгирӣ хонданд ва аз занони соҳибкасб даъват ба амал оварданд, ки дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ саҳми хешро гузоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520