Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳои таҷлили байналмилалии иди «Наврўз»

27.03.2010 17:00, Эрон

Рўзҳои 26 ва 27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои таҷлили байналмилалии иди «Наврўз» ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт.

Дар фурўдгоҳи байналмилалии Меҳрободи шаҳри Теҳрон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол гирифтанд.

Худи ҳамон рўз дар шаҳри Теҳрон бо иштироки сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дўсту ҳамзабон баргузор гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дастгирӣ ва пуштибонӣ аз нахустин иҷлоси Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ дар минтақаи Осиёи Миёна, ки моҳи майи соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, арзи сипос намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин даъват намуд, ки дар ҳамоиши байналмилалии 10 – солаи амалиёти «Об барои ҳаёт (2005-2015)», ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштироки фаъол дошта бошад.

Аз вусъат ёфтани ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақли транзитӣ ва саноат изҳори қаноатмандӣ карда шуд. қаноатмандӣ, аз ҷумла, аз рафти сохтмони нерўгоҳи обии Сангтўда-2, ҷудо гаштани 5 миллион доллари амрикоӣ барои анҷоми комили корҳои сохтмонии нақби «Истиқлол» ва аз оғози раванди омодасозии асноди асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаҳои бунёди нерўгоҳҳои обии Шўроб ва Айнӣ зоҳир карда шуд.

Гуфтугўйи судманд оид ба густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ оид истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди пахта ва пашму пўст, меваю сабзавот, истеҳсоли хўрокворӣ ва дигар маводи ниёзи ҳаррўза ва ҳамчунин дар бахшҳои растанипарварӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ сурат гирифт. Бо ин мақсад ҷоннок намудани кори Кумитаи муштараки ҳалли мушкилоти сармоягузорӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Эрон зарур шумурда шуд.

Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба ҳамкориҳои сеҷонибаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон зоҳир карда шуд. Гуфтугўйи судбахш доир ба суръат бахшидан ба масъалаҳои тарҳрезӣ ва омода намудани лоиҳаҳои сохтмони роҳи заминӣ дар масири «Панҷи Поён (ҶТ) – Қундуз – Пули Хумрӣ – Мазори Шариф – Шибирғон – Маймана – ҳирот (ҶИА) – Машҳад (ҶИЭ) », бунёди роҳи оҳани «Румӣ – Панҷи Поён – Қундуз – Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳад», хатти интиқоли барқи «Роғун – Сангтўда – Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳад» сурат гирифт.

Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ – техникӣ «аз бахшҳои муҳими робитаҳои бародаронаи Тоҷикистону Эрон» маънидод гардид.

Бо истифода аз фурсати муносиб Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамдигар ва мардумони Тоҷикистону Эронро бо иди Наврўз ва ҷашни умумиҷаҳонӣ эълон гаштани он табрику шодбош гуфтанд.

Мубодилаи андешаҳо ҳамчунин оид ба ҳамгироӣ дар чаҳорчўби Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҷараён гирифт.

Рўзи 27 март тантанаҳои таҷлили байналмилалии иди Наврўз дар шаҳри Теҳрон баргузор гаштанд. Дар ин тантанаҳо, дар баробари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сарони давлатҳои Афғонистон, Ироқ ва Туркманистон ва намояндагони воломақоми Озарбойҷону Туркия низ иштирок доштанд.

Ҷашни ҷаҳонии Наврўз бо садо додани суруди миллии ҷумҳурии Исломии Эрон, қироати чанде аз оёти қуръони карим ва пахши мусиқии инъикоскунандаи рўҳу равони Наврўз дар Эронзамин ва дигар кишварҳои ҷаҳон оғоз ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба аҳли ин ҳамоиши пурифтихор ба ҳамаи мардумони олам, ки Наврўзро ҷашн мегиранд, ҷаҳонишавии ин иди фархундаи бостонӣ ва афзояндаи дўстию рафоқати миёни фарҳангҳою тамаддунҳои гуногунро табрику таҳният гуфт.
Эмомалӣ Раҳмон, Наврўзро «пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳо дар гузашта ва имрўз» маънидод карда, аз даргоҳи Худованди карим дархост намуд, ки «иди ҷаҳонии Наврўз ҳамеша инсонҳоро ба ҳамдигар наздиктар ва аз сарвати дўстию бародарӣ баҳравар намояд, барои истиқрори сулҳу ваҳдат ва аз байн бурдани низоъҳою бегонагиҳо дар ҷаҳон мусоидат кунад».

Дар ҳамоиши ҷаҳонии наврўзӣ роҳбарон ва намояндагони воломақоми дигар кишварҳо низ суханронӣ намуда, аз ҷаҳонишавии иди Наврўзи оламафрўз изҳори сарфарозӣ карданд ва аз таърихи пурифтихори бостонӣ ва суннату анъанаҳои инсондўстонаи он ҳикоятҳо арза доштанд.

Суханронии Сарвари давлати Ироқ ҷалоли Толибонӣ, ки саршор аз меҳру муҳаббат ва сарафрозӣ аз ҷашни Наврўз ва ҷаҳонишавии он буд, бори дигар таъйид менамояд, ки Наврўзи хуҷастапайро кулли давлатҳои Арабу Аҷам ва бисёр кишварҳои шарқу ғарб самимона таҷлил мекунанд.

Суханронии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов ва намояндагони воломақоми Озарбойҷону Туркия низ саршор аз сарфарозиҳо аз фархундагиҳои Наврўзи хуҷастапай буд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Манучеҳри Муттакӣ бо ифтихору сарфарозии зиёд изҳор дошт, ки ба таври минтақавӣ таҷлил шудани ин иди хуҷастаи бостонӣ ду сол қабл миёни се кишвари ҳамзабон – Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе оғоз ёфта, соли гузашта дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон идома ёфт ва имсол ба навбати баргузориаш дар Эрон Наврўз иди ҷаҳонӣ шуд.

Сарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокдори ҳамоиши нахустини Наврўзи ҷаҳонӣ ба пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мувофиқ омада қарор намуданд, ки соли оянда ҷашни ҷаҳонии Наврўз дар сатҳи баланд дар зодгоҳи он шаҳри Шерози Эронзамин дар тахти ҷамшед баргузор гардад ва баъд аз он бо навбат дар дигар давлатҳо.

Нимаи дуюми рўзи 27 – уми март Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони дигар давлатҳобо Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Хоманеӣ мулоқот намуданд.

Дар ин дидор, аз ҷумла мавзўоти гуногуни ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Эрон, ки бегоҳии рўзи 26 март дар сатҳи президентҳои ду кишвар баррасӣ шуда буданд, идома ёфт.

Зимни мулоқоти дўстона ва саршор аз эҳсоси бародарӣ ҳарду ҷониб ҳавасмандӣ ва омодагии устувори худро баҳри густариши минбаъдаи шарикии стратегии Тоҷикистону Эрон таъкид намуданд.

Табодули назар оид ба ҷаҳонишавии Наврўз ва паёмадҳои накуи минбаъдаи он низ сурат гирифт.

Бегоҳии рўзи 27 – уми март дар толори бузурги қасри Ваҳдати шаҳри Теҳрон чорабиниҳои дилнишини фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни ҷаҳонии Наврўз баргузор гардид, ки як маҳфили зебои илмию амалӣ ва намоиши ҳунарҳои волои мардумони ориёитаборро мемонд. Барномаи рангини ин маҳфили фарҳангӣ фарогири намоиши ҳунарҳои мардумӣ, мусиқӣ, шоҳномахонӣ, ойини паҳлавонӣ ва ҳикоятҳои ҷолиб аз фархундагиҳои ҷашни пурифтихори наврўз буд.

Раиси Фарҳангистони ҳунари Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Муаллим дар руҷуи илмию адабии худ оид ба Наврўз андешаҳои басо ҷолиб иброз дошта, аз ҷумла изҳор дошт, ки намоишҳо ва машқҳои зебои варзишӣ аз оини паҳлавонӣ баъд аз истилои хонумонсузи муғулҳо дар Эронзамин аз байн рафта буд ва баъдтар дубора дар ҳудуди Тоҷикистон эҳё шуда, ба Эрон ҳам бозгашт.

Дар ин маҳфил ва ҳам дар ҳамаи наврўзгоҳҳои Теҳрон сари ҳар кадам хони наврўзии 7 син ба назар мерасид, ки шомили сабза, суманак, себ, санҷид, сир,сикка (танга) ва сирко мебошанд.

Хулоса ҳозирини ин ҳамоишҳои хотирнишин аз нахустин таҷлили ҷаҳонии Наврўз, ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, аз ҷумла намояндагони сершумори аҳли адаби Тоҷикистон аз он таассуроти зиёди гуворо бардоштанд ва умед аст, ки ин бардоштҳо боиси эҷод гаштани асарҳои нави ҷолибу хонданӣ оид ба Наврўз ва паҳлуҳои дигари фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикону дигар мардумони ориётабор мегардад.

Баъди анҷоми сафари пурмаҳсули корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон шоми рўзи 27 – уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Теҳрон ба Душанбе омад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520