Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Сари Хосор» дар ноҳияи Балҷувон

06.08.2019 11:11, ноҳияи Балҷувон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Шайдони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши "Сари Хосор" -ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхона аз тарафи хоҷагии деҳқонии "Хӯҷаи сабз" дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар он 20 нафар сокини маҳаллӣ, асосан занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 800 то 1000 сомонӣ таъмин шудаанд. Дар мавсими ҷамъоварии гулу гиёҳҳои шифобахш ва меваҳои ҷангалзори минтақа бошад зиёда аз 50 нафар сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб мегардад.

Иншоот дар маркази деҳоти Сари Хосор, дар масоҳати 285 метри мураббаъ бунёд гардида, аз анбори аввалия, сехҳои коркард ва банду басти гиёҳҳои шифобахш ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши "Сари Хосор" ҳамчунин аз меваи дарахтони ҷангалзори минтақа, аз ҷумла бодоми талхдона, чормағз, писта, ангат, канадона, инчунин ҳосили зироати зағир ва ғайра равғани табобатӣ истеҳсол карда мешавад. Дар ин корхона, ки ба таври муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи стандарти байналмилалӣ бунёд гардидааст 8 дастгоҳу таҷҳизот барои истеҳсоли маводи доруворӣ аз гулу гиёҳ ва меваҳои шифобахши куҳсори Тоҷикистон, аз ҷумла дастгоҳ барои гиёҳмайдакунӣ, гиёҳордкунӣ, банду басти халтачаҳои полоишӣ, дастгоҳи равғанкашӣ ва ғайра насб карда шудааст. Маводи доруворие, ки дар ин корхонаи муосир истеҳсол мегардад тамғагузорӣ мешавад ва ба талаботи стандарти байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ мебошад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 800 қуттии шартӣ маводи доруворӣ аз гулу гиёҳҳои шифобахш ва беш аз 100 литр равғани табобатӣ аз меваи дарахтони ҷангалӣ мебошад. Тибқи иттилоъ дар минтақаи Сари Хосор зиёда аз 100 намуд гулу гиёҳҳои шифобахш мерӯяд ва аксари он дар корхонаи мазкур коркард ва банду баст мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешакардаи дастандаркоронро шоистаи таҳсин ҳисобида, барои васеъ намудани доираи фаъолияти корхона ва ҳарчи бештар ба роҳ мондани истеҳсоли маводи доруворӣ аз гулу гиёҳ ва меваҳои ҷангалии шифобахш ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520