Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқбол дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон

06.08.2019 11:10, ноҳияи Балҷувон

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Сари Хосор ташриф оварданд.

Дар деҳаи Шайдон сокинони ин минтақаи дурдасти мамлакат Сарвари давлатро бо ихлосмандии зиёд ва муҳаббату самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Мақсад аз ташрифи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти хушманзар ва дорои табиати мафтункунандаи Сари Хосор иштирок дар маросими ифтитоҳи якчанд иншооти ҳаётан муҳим ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520