Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп

05.08.2019 11:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, 

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандон бар асари силсилаи амалҳои хушунатомез дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка боиси андуҳи бепоёни ин ҷониб гардид.

Дар иртибот ба ин зуҳуроти манфури зӯроварӣ ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба Шумо ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520