Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.03.2010 16:00, шаҳри Душанбе

Cубҳи имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он беш аз 40 масъала баррасӣ шуд.

Нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ гардид ва зимни он аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.

Сипас оид ба омодагӣ ба ҷашни 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Хайруллоев ҳисобот доданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани вазъи моддӣ ва хизматрасонии тиббию нақлиётии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ва шахсоне, ки дар ин солҳо на камтар аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд ё дар хизмати ҳарбӣ буданд, тадбирҳои судбахш андешида мешаванд. Таъкид гардид, ки баҳри истиқболи шоиста аз 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки дар он фарзандони Тоҷикистон низ нақши намоён гузоштаанд, гузарондани паради ҳарбӣ, супурдани медалҳои ҷашнӣ ва дигар чорабиниҳои идонаи ба тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватандўстӣ равонагашта, ба нақша гирифта шудаанд.

Дар маҷлиси ҳукумат Сратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии хатари офатҳо барои солҳои 2010-2015, Барномаи миллии пешгирии бемориҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 , Оинномаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Номгўйи самтҳои афзалиятдоштаи тадқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012, Нақшаи генералии маркази ноҳияи Тоҷикобод, қоидаҳои нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби супоридани медали ягонаи ҷашнии 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, Тартиби муқаррар намудани нархи хизмати тиббие, ки аз тарафи субъектҳои муассисаҳои хусусии тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешаванд ва Номгўйи намуд ва тартиби хизмати пулакии бойторӣ тасдиқ карда шуданд.

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои якчанд қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010», «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи ипотека» ва «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» пешниҳод карда шуд.

Ду созишномаи ҳамкории иттилоотӣ ва истифодаи техналогияҳои ягонаи иттилоотӣ дар фаъолияти хадамоти гумрукии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия тасдиқ карда шуд.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳи масъулинро ба масоили омодагӣ ба ҷашни 20 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷалб намуда, ба онҳо супоришҳои мушаххас дод.

Дар мавриди истифодаи сарфакоронаи нерўи барқ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки натанҳо лампаҳо, балки тамоми техникаю таҷҳизоти барқӣ бояд каммасраф бошанд ва талаб намуд, ки ин нукта ҳангоми бастани шартномаҳои тиҷоратию воридотӣ, санадҳои гумрукӣ ва ҳамчунин сохтмони иншооти нав ба эътибор гирифта шавад.

Масъулини дахлдор ҳамчунин вазифадор шуданд, ки оид ба вусъат додани кишти баҳорӣ ва омодагӣ ба кишти такрорӣ тадбирҳои судбахш андешанд.

Дар охири маҷлис Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи махсуси Созмони Милали Муттаҳидро «Оид ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола», ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешсафӣ ва ташаббускорӣ дар идораи захираҳои обию энергетикӣ ва дастовардҳои намоён дар татбиқи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола таъин гардидааст, тақдим намуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки рўзи 23 март дар Созмони Миллаи Муттаҳид ин ҷоизаро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов қабул намуда буд.

Месазад махсус таъкид намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сазовори нахустин ҷоизаи Созмони Милали Муттаҳид «Оид ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола» шуд ва ин албатта бозгў аз ҷаҳду талошҳо ва тадбирҳои судбахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки таҳти раҳнамоии Сарвари давлат амалӣ мегарданд.

Дар татбиқи «ҳадафҳои Рушди ҳазорсола» пешсафу пешоҳанг ва намуна барои дигар давлатҳо будани Тоҷикистон борҳо дар сатҳу зинаҳои гуногун эътироф гаштааст. Ин нукта, аз ҷумла, аз ҷониби Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид зимни мулоқоти ў бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рўзи 3 – юми сентябри соли 2009 дар шаҳри Женева таъкид гардида буд.

Маҳз бо пешниҳоди Тоҷикистон Барномаи 10 - солаи «Амалиёти об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015 қабул карда шуд, ки мутобиқи он дар тамоми гўшаҳои ҷаҳон тадбирҳои сершумори судбахш амалӣ мегарданд.

Ёдовар бояд шуд, ки натиҷаҳои 5 соли аввали татбиқи Барномаи 10 - солаи «Амалиёти об барои ҳаёт» моҳи июни соли равон зимни як конфронси байналмилалии сатҳи олӣ бо иштироки роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст ва нақшаҳои панҷсолаи дуюми он мушаххас хоҳанд шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520