ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъин намудани аъзои Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум
Мутобиқи моддаи 49 ва 70 Конститутсияи (Сарқонуни ) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Шахсони зерин аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум таъин карда шаванд:
Азизов Абдулафиз – Директори Литсейи № 1 –и шаҳри Исфараи вилояти Суғд;
Давлатов Матлубхон Султонович – Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Кенжекулова Жамиля Сатибалдиевна – раиси ҷамоати деҳоти Мурғоби ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон;
Қарабоев Тиркаш Эргашович – Раиси хоҷагии деҳќонии «Янгиобод» - и ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон;
Қурбонов Убайдулло Абдуллоевич – Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино;
Раҷабова Зарина Солиҷоновна – Декани факултети «Соҳибкории муҳандисӣ ва менеҷмент» - и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ;
Хайруллоев Сайдулло – нафақахўри дараҷаи ҷумҳуриявӣ;
Шарипов Садриддин Файзиевич- Директори иҷрокунандаи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик».
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
29 марти соли 2010
№859