Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Борис Ҷонсон

24.07.2019 17:26, шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Борис Ҷонсон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба вазифаи Роҳбари Ҳизби консерваторон ва ба даст гирифтани зимоми умури маснади олӣ - Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ - самимона табрику таҳният мегӯям.

Мо густаришу таъмиқи равобити ҳамкориро бо Британияи Кабир дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати худ медонем.

Изҳори умед менамоям, ки дар давраи фаъолияти Шумо ба ҳайси Сарвазир бо саъю эҳтимоми ҳар ду тараф ҳамёрии кишварҳои мо ҷанбаҳои нави судмандро фаро хоҳад гирифт.

Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки барои таҳкими ҳарчи бештари муносибатҳо бо Британияи Кабир дар сатҳҳои мухталиф саъю кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, тансиҳативу саодатмандӣ ва дар ҷодаи амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон муваффақиятҳо, ба мардуми кишвари дӯсти Британияи Кабир амну амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520