Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Николя Саркозӣ

03.03.2012 10:00

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Николя Саркозӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

Ҷаноби Олӣ,
Дар иртибот ба фарорасии бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия сарфарозам ба Шумо табрику муборакбодии самимонаи хешро бифиристам.

Ба маврид аст зикр намоям, ки ҷониби Тоҷикистон тайи давраи рушди давлати худ дар фазои соҳибистиқлолӣ маҷмӯи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро бо кишвари дӯсти Франсия самти муҳими сиёсати хориҷиаш муқаррар намуда, баҳри таҳкими онҳо талошҳои пайваста меварзад.

Боиси қаноатмандист, ки имрӯз робитаҳои байни кишварҳои мо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ дар чандин арсаҳои ҳамкориҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи мушаххасро касб карда, рӯ ба густариши бемайлон ниҳодаанд.

Мо ба ояндаи неки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия бовар дорем ва ҳамеша барои рушду равнақи онҳо саъй хоҳем кард.

Биноан,умедворам, ки ин санаи муборак дар таърихи муосири робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни кишварҳоямон ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи минбаъдаи онҳо ҳусни оғоз хоҳад бахшид.

Бо истифода аз фурсат ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Франсия хушбахтиву шукуфоии рӯзафзун таманно дорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520