Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Беморхонаи марказии байниноҳиявӣ дар деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара

12.07.2019 09:07, ноҳияи Данғара

12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Беморхонаи марказии байниноҳиявиро дар деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсу ифтитоҳ намуданд.

Беморхонаи марказии байниноҳиявӣ дар ин деҳаи дурдасти ноҳия дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд шуда, ба 3 ҳазору 500 нафар аҳолии деҳаҳои Талхоб, Олучадара, Гулизиндон, Боботубхона, Қули суфиён ва Қунғуртут хизмат мерасонад.

Маркази саломатӣ ва таваллудхона бо дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби оилаи Ҷамиловҳо бунёд шуда, аз 22 ҳуҷра, 16 кати хоб, 1 ҳуҷраи хатна ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад.

Аз рӯи лоиҳа дар Маркази саломатӣ 7 ҳуҷра ва дар таваллудхона 9 ҳуҷраи корию хизматрасонӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, табибон, шикастабандӣ, муолиҷавӣ, хатна ва таваллуд бунёд шуда, ҳамаи утоқҳо барои муолиҷаи беморон, таваллуд ва нигоҳубини модару кӯдак бо рахти хоб ва дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки оилаи Ҷамиловҳо дар партави дастгириҳои роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии ватан ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби даромади Хоҷагии деҳқонии худ - “Шингиҳо” ва маблағи барои ҳаҷ ҷамъ намудаашон тадбирҳои ободониро дар ватан вусъат медиҳанд.

Масоҳати умумии замини Беморхонаи марказии байниноҳиявӣ 1 ҳазору 775 метри мураббаъро ташкил дода, аз рӯи тарҳ роҳравҳои атрофи он сафолакпӯш ва барои табибону сокинон ҷойи мувофиқи истироҳату фароғат муҳайё карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо Маркази саломатӣ ва таваллудхона ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, табибонро барои анҷоми хизмати софдилона ба аҳолии деҳот ҳидоят карданд.

Солҳои охир дар доираи таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат соҳаи тандурустӣ дар деҳот рушд карда, баҳри фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои бузурги созандагӣ амалӣ карда шуданд, ки дар ин ҷода саҳми соҳибкорону шахсони ватандӯст назаррас ва шоистаи таҳсин аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520