Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи роҳи мошингарди “Себистон-Гулафшон” дар ноҳияи Данғара

12.07.2019 09:04, ноҳияи Данғара

Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Оқсу роҳи мошингарди “Себистон-Гулафшон”-ро ифтитоҳ карданд.

Роҳи мазкур дар доираи дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкорони ватандӯст ва мардуми ноҳияи Данғара ба тариқи ҳашар бунёд гардид.

Роҳи мошингарди “Себистон-Гулафшон” 21 километр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.

Дар доираи навсозии роҳи “Себистон-Гулафшон” корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ ба анҷом расид. Дар мавзеъҳои обгузар 9 қубури калонҳаҷми обпарто хобонда шуда, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ дар масофаи 1,7 километр иҷро гардид.

Деҳоти Оқсу аз маркази ноҳия дар масофаи 25 километр дур ҷойгир аст ва акнун бо навсозӣ роҳ чандин маротиба наздик ва вақти сафар кӯтоҳ карда шуд.

Дар корҳои навсозии роҳ даҳҳо нафар муҳандисону кормандони техникӣ ва роҳсозони маҳаллӣ бо ҷидду ҷаҳди дучанд кор карданд. Сохтмончиён дар вақти анҷоми корҳо ба масъалаи таъмини босифати он таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз техникаи муосири роҳсозӣ истифода бурданд.

Роҳи навсозишуда ҳудуди деҳаҳои Себистон, Гулафшон, Талхов ва Қули Суфиёнро дар бар мегирад ва 14 километри роҳ аз ҷониби бародарон Пировҳо пурра таъмир шуда буд.

Дар 14 деҳаи деҳоти Оқсу 3520 хоҷагӣ ба қайд гирифта шудаанд ва аҳолии он 25 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад.

Қули Суфиён дуртарин деҳаи деҳоти Оқсу мебошад, ки аз маркази ноҳия дар масофаи қариб 45 километр ҷойгир аст.

Акнун аҳолии деҳаҳои деҳоти Оқсу бемамониат тамоми фасли сол аз роҳи тахту ҳамвор самаранок истифода мебаранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи роҳи навро ба сокинони ин деҳаҳои ноҳияи Данғара муборакбод гуфта, изҳор доштанд, ки роҳҳо на танҳо минтақаҳоро ба ҳам мепайванданд, балки ҳамчун воситаи интиқоли мусофирон ва ҳамлу нақли борҳои гуногун хизмат мекунанд. Бунёди роҳҳои нав ин пешрафти иқтисодиёт, сарфаи вақту маблағ буда, барои коҳиш додани арзиши маҳсулот низ хизмат мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Данғара барои истиқболи сазовор аз санаи муҳими таърихӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёди 300 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва аз ин миқдор аллакай қариб 80 адад мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Ҳамаи тадбирҳое, ки дар доираи эълони солҳои 2019-2021 чун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Ҳукумати кишвар амалӣ мешаванд, ба хотири рушди деҳот, таъмини инфрасохтори зарурӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари иҷтимоӣ барои сокинон роҳандозӣ мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520