Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими пӯшидашавии дуюмин Бозиҳои аврупоӣ дар шаҳри Минск

01.07.2019 02:40, Беларус

30 июн дар шаҳри Минск дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии дуюмин Бозиҳои аврупоӣ дар Варзишгоҳи милии олимпии “Динамо” иштирок карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши калони варзишӣ бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ширкат варзиданд.

Бозиҳои аврупоӣ маҷмуъи мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ байни варзишгарони кишварҳои аврупоӣ буда, дар ҳар як чор сол як маротиба гузаронида мешавад.

Аз 12 то 28 июни соли 2015 Бозиҳои якуми аврупоӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуда буд, ки дар он варзишгарон аз кишварҳои аврупо байни ҳам рақобат карданд.

Ба бозиҳои аврупоӣ намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили бадминтон, баскетбол, волейбол, бокс, муҳорибаи озод, юнонию римӣ, велосипедронии занона, шиноварӣ, гуштини “Дзюдо”-ву “Самбо”, карате, тенниси руйи миз, камонварӣ, шамшерзанӣ ва ғайра шомил мебошад.

Бозиҳои дуюми аврупоӣ таҳти унвони “Вақти ғалабаҳои бузург” дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус аз 21 июн то 30 июн ҷараён гирифта, дар он аз 50 давлати аъзо 3844 нафар иштирок кард. Варзишгарон барои ба даст овардани 200 медал аз руи 15 намуди варзиш талош варзиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520