Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳуриии Халқии Бангладеш Зиллур Раҳмон

02.03.2012 15:00

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳуриии Халқии Бангладеш Зиллур Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

Ҷаноби Олӣ, Сарфарозам ба муносибати фарорасии санаи хотирмон дар таърихи равобити муосири байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш – 20-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро бифиристам.

Аз ин фурсати муносиб истифода карда, мехоҳам изҳори итминон намоям, ки муносибатҳои ҳасанае, ки то имрӯз байни кишварҳои мо ташаккул ёфтаанд, дар оянда низ густариши бемайлон пайдо намуда, ба манзури таҳкими анъанаҳои робитаҳои дӯстию бародаронаи байни мардумонамон дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мазмуну мундариҷаи мушаххас ғанӣ хоҳанд гашт.

Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки барои расидан ба ин мақсадҳои наҷиб дар асоси усулҳои эътирофгардидаи баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва риояи манфиатҳои якдигар ҳамаи кӯшишҳои лозимаро ба харҷ диҳад.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комилу муваффақиятҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Бангладеш сулҳу субот ва саодату рифоҳ орзумандам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520