Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус

28.06.2019 15:30, Беларус

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Нахуст зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус ва Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко имзо гузоштанд.

Ҳамчунин аз ҷониби ҳайати расмии ду кишвар санадҳои зерин имзо гардид:

- Созишнома байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус;

- Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Белорус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот;

- Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ вобаста ба истифодабарии захираҳои генетикии растаниҳо ва ҳайвонот;

- Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва сайёҳии Беларус;

- Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- Барномаи иҷроияи Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории илмӣ - техникӣ ва инноватсионӣ барои солҳои 2019-2020;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус;

- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Беларус;

- Созишнома байни Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Белорусбанк” -и Ҷумҳурии Беларус дар бораи ҳамкории байнибонкӣ.

Боиси хушнудист, ки бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ба сатҳи шарикии стратегӣ расид, ки ин албатта барои таъмиқи муносиботи ҳамкорӣ заминаи воқеъӣ фароҳам месозад.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520