Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Конибодом

13.06.2012 15:00, шаҳри Конибодом

Аз субҳи имрӯз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом идома ёфт.

Хотиррасон бояд намуд, ки Конибодом яке аз ноҳияҳои муҳими саноатию кишоварзии вилояти Суғд ба шумор меравад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ноҳия роҳбарият ва аҳли ҷамоати он истиқбол гирифтанд.

Боздиди Президенти кишвар аз маркази шаҳр бо оғози навсозии роҳҳои дохилии он оғоз ёфт. Барои ин мошину механизми зиёди муосири роҳсозӣ сафарбар гардидааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, имсол тибқи нақша, бояд 4 км роҳҳои маҳаллии дохили шаҳри Конибодом навсозӣ шавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки худи ҳамин сол 11 км роҳ навсозӣ шавад ва мужда расонд, ки барои ин 3 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ низ ҷудо карда мешавад. Соҳибкори маҳаллие, ки ба навсозии ин роҳ машғул аст, изҳор дошт, ки 1,5 километри ин роҳро аз ҳисоби даромадҳои ширкати худаш навсозӣ мекунад.

Хотиррасон гардид, ки имсол навсозии роҳҳои маҳаллӣ дар бисёр шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд авҷи тоза пайдо намудааст.

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази тиҷоратию истеҳсолии Созмон, ки дар як гӯшаи маркази Конибодом қарор дошта, ба гуфти роҳбараш Дилмурод Отахонов, самараи дастгирии давлатӣ аз рушди соҳибкории хусусӣ мебошад, оғоз ёфт.

Тавре аён шуд, ин бино аз ду ошёна иборат буда, дар он коргоҳҳои истеҳсоли мебел, масолеҳи сохтмонии пластикӣ ва алюминӣ, дӯхти либос, заргарию гулдӯзӣ, толори пардози арӯсон ҷойгир шуда, як қисми дигари утоқу толорҳояш барои пешниҳод ба иҷорагирони дигар омода гаштаанд.

То ҳол дар ин марказ 25 нафар аз ҷониби худи соҳибмулк ва 30 каси дигар аз ҷониби иҷорашинҳои он бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор Дилмурод Отахонов уҳдадорӣ гирифт, ки коргоҳҳои истеҳсолиро васеъ намуда, дар зарфи як соли оянда боз 150 ҷойи нави корӣ муҳайё созад.

Ин соҳибкори муваффақ ба истиқболи солгарди 15-уми Ваҳдати миллии Тоҷикистон ва дар пайравӣ ба иқдомоти сершумори башардӯстонаи Сарвари давлатамон барои 30 нафар писарчаҳои ятим ва аз оилаҳои ниёзманд тӯйи хатна орост. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори саховатпеша барои ин кори хайру савобаш арзи сипос карда, ба ҳар як писарчаи хатнашаванда туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дар гӯшаи дигари шаҳр бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як мактаби наву замонавӣ, ки бо харҷи 2,1 миллион сомонӣ дар заминаи як бинои валангор бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни шиносоӣ бо шароити дар ин боргоҳи маърифат муҳайёшуда, аз ҷумла зикр гардид, ки он дорои 40 синфхона, 8 утоқи корӣ, ошхона, майдончаи варзишӣ ва ғайра иборат буда, барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Ҷавонону наврасони синни мактабии ин маҳалла аз ифтитоҳи он басо шод гардиданд, зеро то ин вақт дар ин наздикиҳо ягон мактаб вуҷуд надоштааст. Мактабҳое, ки онҳо таҳсил мекарданд, дар сурати пиёда рафтан дар масофаи қариб яксоата роҳ қарор доштанд.

Дар хоҷагии ба номи Энаҷон Бойматоваи шаҳри Конибодом бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дарави ғаллаи обӣ оғоз ёфт.

Ба роҳбарият ва аҳли заҳмати хоҷагӣ маслиҳат дода шуд, ки ҳосили ғалларо аз ин ва дигар заминҳои обӣ ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ карда, дар ҷойи он кишти такрориро ба роҳ монанд, то ки истифодаи пурсамари он ва рӯёндани ду ва зиёда ҳосил таъмин гардад.

Тавре аён гардид, деҳқонони ин хоҷагӣ дар ташкили кишти такрорӣ ва рӯёндани якчанд ҳосил аз як замини обӣ таҷрибаи хуб касб намудаанд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин нашъунамои сабзавоту полезӣ, ниҳолҳои зардолубоғи навбунёд ва навниҳолҳои кӯчати ин ва дигар меваҳои шаҳдборро аз назар гузаронда, ба мутахассисон ва деҳқонону боғпарварон маслиҳатҳои муфид дод.

Дар зери як зардолубоғи серҳосили ин хоҷагӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон намоиши иди зардолу ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд. Тавре зикр гардид, дар ин ҷо 54 намуди беҳтарин, серҳосил ва асосан ба содирот нигарондашудаи зардолу ба намоиш гузошта шуд. Соли гузашта ҳаҷми истеҳсол, коркард ва содироти зардолуи тару тоза ва хушк дар шаҳри Конибодом ба 5 миллион сомонӣ баробар шуд. 6,1% даромад ба буҷети маҳаллии Конибодом аз ҳисоби зародолупарварӣ аст.

Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин анвои гуногуни меваю сабзавот, тухмиҳои серҳосили зироатҳои кишоварзӣ, асали баҳорӣ ва дигар маҳсулот ба намоиш гузошта шуда буд.

Зимни шиносоӣ бо гӯшаи занбӯрпарварон, аз ҷумла зикр гардид, баъди қабули Барномаи давлатии рушди ин бахш, яъне аз соли 2003 ин ҷониб истеҳсоли асал ва дигар маҳсулоти занбӯр беш аз 7 баробар афзудааст. Соли 2003 дар вилояти Суғд ҳамагӣ 200 кг асал ҷамъоварӣ шуда будааст. Соли гузашта ин нишондод ба наздики 1200 тонна расид. Соли равон бошад занбӯрпарварон бовар доранд, ки аз 49500 оилаи занбӯр 1,5 ҳазор тонна асал ҷамъоварӣ мешавад.

Дар ҳамин ҷо бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон озмуни вилоятии беҳтарин шаҳр ё ноҳияи зардолупарвар ҷамъбаст гардид. Тибқи натиҷаҳои озмун, ки аз ҷониби комиссияи вилоятӣ муайян шудааст, ҷойи якум бо 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ насиби шаҳри Конибодом шуд. Ҷойи дуюм бо 30 ҳазор сомонӣ ба шаҳри Исфара ва сеюм бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ба ноҳияи Ашт дода шуд.

Дар таги зардолубоғи дигари ҳамин хоҷагӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Суғд маҷлиси машваратӣ доир намуда, натиҷаҳои 5-моҳаи фаъолияти шаҳру ноҳияҳои онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва барои таъмини рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии ин минтақаи файзбор дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520