Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт

26.06.2019 20:29, ноҳияи Рашт

26 июн дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказӣ дар тантанаҳои идонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сокинони ноҳияи Раштро ба ифтихори санаи таърихӣ - Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуданд.

Сарвари давлат ба кулли шаҳрвандони кишвар хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар роҳи таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ки асоси хушбахтии сокинони мамлакат ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб меравад, барору комёбӣ орзу карданд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таърихи даврони соҳибистиқлолӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдат, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, таъкид доштанд, ки “Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ - 27 июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад”.

Барқарор кардани сохти конститутсионӣ, қонунияту тартибот ва амният, аз нав ба роҳ мондани фаъолияти фалаҷшудаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, обод намудани манзилҳои зисту иншооти сӯхтаву валангоршуда тадбирҳои нахустин ва бобарори ҳукумат ва мардуми тоҷик дар роҳи пойдории давлату миллат мебошад.

Имсол ҷашни ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт баргузор мегардад ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид карданд, ки мардуми шарифи Рашт аз сиёсати сулҳпарварона ва ваҳдатсози давлат бо тамоми ҳастии худ ҷонибдорӣ мекунанд.

Дар натиҷаи ғамхориву дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ва албатта, ба василаи заҳмату талоши ватандӯстонаи сокинон имрӯз симои ноҳияи Рашт куллан дигаргун шудааст. Дар замони истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рашт барои сохтмону таҷдиди иншооти гуногун қариб 500 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, дар ҳаҷми 360 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки Ҳукумати мамлакат минбаъд низ амалӣ намудани ҳамаи чораҳои заруриро барои пешрафт ва ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани азизамон, аз ҷумла водии Рашт тавассути амалисозии стратегияву барномаҳои давлативу соҳавӣ ва минтақавӣ идома медиҳад.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки муттаҳидиву сарҷамъӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор боқӣ мемонад ва мардуми моро дар роҳи татбиқи нақшаву ҳадафҳои бузургу тақдирсози Ҳукумати мамлакат ғайрату нерӯ ва рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии идонаро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи рангини консертӣ, ки тараннумгари ваҳдати сартосарӣ буд, идома дод.

Устодони санъат, ҳунармандону ҳаваскорони ноҳияҳои водии Рашт дастагули суруду мусиқиро тақдими иштирокчиёни тадбири фарҳангии идона карданд, ки хеле пуршукуҳ ва хотирмон буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520