Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

12.06.2012 19:00

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бинобар сабаби таҷлили солгарди қабули Эъломия дар бораи Истқлолияти давлатии Федератсияи Русия барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:

Владимир Владимировичи мӯҳтарам,

Бинобар сабаби таҷлили солгарди қабули Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии Федератсияи Русия табрикоти сидқию самимии маро қабул фармоед.

Тоҷикистон ба сатҳи ба дастомадаи муносибот ва ҳамкориҳои стратегии байни ҳарду кишвар баҳои баланд медиҳад.

Изҳори умед мекунам, ки талошҳои муштараки мо ба ҳамкориҳои судманди миёни ҳарду кишвар нерӯи тоза мебахшад. Шуморо бовар мекунонам, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳоро барои дар амал татбиқ намудани қарордодҳо дар бораи вусъат ва тақвияти минбаъдаи муносиботи дуҷониба истифода мекунад.

Дар ин рӯзи фархунда иҷозат диҳед ба Шумо, Владимир Владимировичи мӯҳтарам, дар татбиқи нақшаҳо ва талошҳои Шумо, ки ба шукуфоии Русия ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ равона гардидаанд, тандурустии комил ва комёбиҳои беназир, ба халқи дӯсти он- сулҳу некӯаҳволиро таманно намоям.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520