Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдончаи футболбозӣ дар ноҳияи Нуробод

24.06.2019 14:17, ноҳияи Нуробод

Имрӯз дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзишии футболбозиро дар масоҳати 800 метри мураббаъ, ки аз ҷониби Федератсияи Футболи Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти варзишӣ моҳи майи соли ҷорӣ бо ҷалби сокинони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи июни соли 2019 ба анҷом расид.

Хотиррасон бояд намуд, ки соли 2014 - Соли оммавигардонии футбол дар Тоҷикистон эълон гардида буд ва дар ин замина, то имрӯз дар тамоми қаламрави мамлакат, толору марказҳои муосири варзишӣ, муҷаҳҳаз бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти муосири машқу тамрин, барои солимии ҷомеа, бо шароиту имкониятҳои фаррох фароҳам оварда шудааст.

Баъди мавриди истифода қарор додани Майдончаи нави футболбозӣ дар ноҳияи  Нуробод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки сохта ба истифода додани  чунин майдончаҳои варзишӣ дар қаламрави мамлакат дар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” туҳфаи арзишмандест барои ҷавонони худогоҳ ва насли ояндаи тоҷик.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳорӣ боварӣ намуданд, ки футбол дар Тоҷикистон оянда метавонад муаррифагари кишвар дар арсаи олам гардад, зеро барои рушди он дар тамоми гушаю канори ҷумҳурӣ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520