Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвазири Япония Йошихико Нода барқияи табрикотӣ ирсол кард, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ, ба муносибати санаи муҳими ҳамкориҳои замони муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония - 20 - умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо камоли қаноатмандӣ ба Шумо табрикоту таманниёти самимии худро ирсол медорам.
20 сол қабл 2 - юми феврали соли 1992, баъди ба даст овардани соҳибистиқлолии Тоҷикистон, бо ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ мамлакатҳои мо ба рушду густариши ҳамкориҳои сатҳи байналхалқӣ оғоз намуданд.
Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои Тоҷикистону Япония дар сатҳи рушди фаъол қарор дошта, дар ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба марҳилаи сифатан нав мебароянд.
Дар ин робита мехоҳам фаъолияти судманди Агентии Япония оид ба ҳамкории байналхалқӣ ва талошҳои кишварҳоямонро дар чаҳорчуби муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» махсус қайд намоям. Мо ба саҳми Япония барои татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳими кишварамон дар бахши гуманитарӣ, иҷтимоӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳо баҳои баланд медиҳем.
Ҳавасмандии амиқамонро дар мавриди бо мазмуну мўҳтавои нав ғанӣ гардонидани муносибатҳоямон иброз дошта, умедворам, ки Япония дар густариши онҳо нақши фаъол хоҳад бозид.
Итминони комил дорам, ки бо талошҳои якҷояамон мо метавонем сатҳу сифати ҳамкориҳоямонро ба манфиатҳои ҳар ду ҷониб мутобиқ созем.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатӣ, комёбӣ ва ба халқи ба мо дўсти Япония муваффақият ва шукуфоӣ таманно менамоям».