Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошии Маҳмуди Аҳмадинажод ба Эмомалӣ Раҳмон

11.02.2012 09:00

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

Ҷаноби Олӣ
Шумо ва мардуми шарифи Эронро бо солгарди ҷашни инқилоби исломӣ самимона табрику таҳният мегўям.
Ҳукумат ва ҷомеаи Тоҷикистон робитаҳои фаъоли гуногунарсаро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша пураҳамият ва арзишманд медонанд.
Гузаштаи пурифтихори таърихӣ, пайвандҳои фарҳангӣ, забонӣ, нажодӣ ва динии муштарак аз муҳимтарин омилҳоянд, ки Тоҷикистону Эронро дар як ҳавзаи тамаддунӣ қарор медиҳанд ва заминаи заруриро барои ҳамгироии бештар фароҳам месозанд.
Зимни равобити пурсамар ва густардаи иқтисодӣ дар зарфи даҳ соли охир ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ миёни Тоҷикистону Эрон панҷ баробар зиёд шуда, сармоягузориҳои мустақими эронӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба маротиб афзудаанд.
Дар ин росто натиҷаҳои сафари расмии Шумо, ҷаноби Олӣ, ба Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябри соли гузашта ва тавофуқоти тозае, ки дар мулоқоти сатҳи олӣ ҳосил шудааст, аз оғози марҳалаи нави тавсеаи равобити густурдаи кишварҳои мо башорат медиҳанд.
Бо умеди тавсеаи рўзафзуни муносиботи ҳасана ва бо ибрози табрикоти муҷаддад ба Шумо, ҷаноби Олӣ, тансиҳатию комёбиҳо ва ба мардуми Эрон амну субот, саодату шукуфоӣ орзумандам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520