Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

29.05.2019 14:01, Қазоқистон

29 май дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҷаласа сарони давлатҳои аъзои иттиҳод - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, инчунин Молдова чун давлати нозир ва Тоҷикистон ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ба ҷониби Қазоқистон барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳодро муносибатҳои зичи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар асоси дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчуби ИДМ ва СААД ба ҳам мепайвандад. Рушди босамари муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳо исботи ин гуфтаҳост.

Сарвари давлат зикр карданд, ки масъалаи рушд ва таҳкими муносибатҳо бо шарикони Иттиҳод дар сиёсати хориҷии мо ҳамеша мақоми махсус дорад ва ҳоҳад дошт. Дар ин росто мо ба тавсеаи ҳамкории судманд бо давлатҳои ИДМ дар ҳамаи ҷанбаҳо, аз ҷумла дар соҳаи амният аҳамияти хоса медиҳем, таъкид доштанд Президенти мамлакат.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат зикр карданд, ки кишварҳои мо дар ҷаҳорчуби ҳамгироӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, чун терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, якҷо бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, иттифоқчии воқеъӣ мебошанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мо метавонем бо дарёфти роҳҳои хуби таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо дар ҳалли вазифаҳои бузург дар ҳамаи самтҳо, муваффақ гардем.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520