Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои ёрирасони назди Қӯшунҳои сарҳадӣ

28.05.2019 09:38, шаҳри Душанбе

Дар идомаи боздиди корӣ дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои ёрирасони назди Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат дидан карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи кишти тирамоҳии маҳсулот соли 2018 дар масоҳати умумии 215 гектар замин пиёзу картошкаи баҳорӣ ва ҷаву гандум кошта шуд. Баҳори имсол бошад, кишту парвариши кадуву лаблабу, караму сабзӣ, пиёзу картошкаи тирамоҳӣ ва дигар сабзавот дар масоҳати 114 гектар замин гузаронида шуд. Имрӯзҳо хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Лахш, Ховалинг, Рӯшон, Ишкошим, Панҷакент, Исфара ва Кӯҳистони Мастчоҳ амал мекунанд, ки дар онҳо истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ ба таври матлуб ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳи мазкур масъулони бахши кишоварзии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки ба хотири таъминоти босифати сарбозон бо хӯрокаи серғизои аз лиҳози экологӣ тоза тадбирҳои иловагӣ андешида, кишту парвариши зироатҳои кишоварзиро дуруст ба роҳ монанд.

Хабар дода шуд, ки аз тарафи хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 5 моҳи соли 2019, ба андозаи зиёда аз 318 ҳазор сомонӣ маҳсулот, ба монанди шалғам, турб, карам, шалғамча (редиска), кабудӣ, пиёз, шир, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ истеҳсол карда шудааст. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар тобеияти сохтори зикршудаи Қӯшунҳои сарҳадӣ чорвои калону майдаи шохдор, асп, мурғ, харгӯш, занбӯри асал ва намудҳои гуногуни паранда парвариш меёбанд.

Сатҳи баргузории намоишгоҳ собит кард, ки неруҳои марзбонии кишвар дар баробари ҳифзи марзу буми давлатӣ ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ, инчунин дар масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссагузорӣ доранд. Хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар баробари таъминоти пурраи хӯрокаи сарҳадчиён аз тарафи Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини марзбонон бо номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ саҳми шоиста мегузорад.

 Дар идомаи сафар Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузашти техникаву таҷҳизот ва мошинҳои зиреҳпӯши ҷангиро дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карданд. Дар ин гузашт номгӯи зиёди мошинҳои зиреҳпӯши ҷангии муосир ба намоиш гузошта шуд. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути қитъаи шартии хати сарҳади давлатӣ сурат гирифт. Тавре маълум гардид, дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи сохторҳои ҳарбӣ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат ва ҷузъу томҳои он бо техникаву таҷҳизоти зарурии замонавӣ таъмин гардида, қувваи мудофиавии неруҳои марзбонӣ таҳким ёфтааст ва ин сохтор ба мактаби пурқудрати шуҷоату мардонагӣ мубаддал гардидааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520