Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани маркази хизматрасонии маишии ҶДММ «Файзи Карим» дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара

23.05.2019 17:52, ноҳияи Данғара

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Дангара дар деҳаи Ғарғараи ҷамоати деҳоти Корез бинои сеошёнаи Маркази хизматрасонии маишии ҶДММ «Файзи Карим» - ро, ки дар он намудҳои гуногуни либосҳои ҳарбӣ ва корӣ барои кормандони соҳаҳои гуногун, инчунин сару либоси кӯдакона истеҳсол карда мешавад, дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст, Файзализода Сайфиддин Файзалӣ дар доираи эълони солҳои 2019 - 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо сатҳу сифати баланд бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, соли 2019 бо сатҳу сифати баланди ҷавобгу ба талаботи замони имрӯза анҷом ёфт. Дар ошёнаи якуми бино истеҳсоли ҷуроб бо таҷҳизоти муосир бароҳ монда шуда, ошёнаи дуюми бино бошад, барои духти сару либоси гуногун пешбинӣ гардидааст, ки дар он зиёда аз 50 нафар занону бонувони хонашини деҳаи Ғарғара ба кори доимӣ ҷалб шудаанд.

Ба Сарвари давлат маълумот дода шуд, ки 25 адад таҷҳизоти истеҳсоли ҷуроб ва 4 адад дастгоҳи истеҳсоли матои хоми коргоҳ, ки дар тагхонаи бино ҷойгир аст, аз Ҷумҳурии Халкии Хитой ворид гардида, тариқи компютер идора мешавад ва ба раванди истеҳсолоту сифати баланди маҳсулот мусоидат менамояд. ҶДММ «Файзи Карим» ҳамкории худро бо Корхонаи истеҳсолии Маҷмааи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» хуб бароҳмонда, маҳсулоти хомро аз ин корхона дастрас менамоянд.

Бо таъсиси ин маркази хизматрасонии маишӣ зиёда аз 70 нафар сокинони деҳаи мазкур соҳиби ҷойи кор шудаанд, ки 80 фисадашонро занону бонувон ташкил медиҳанд. Лозим ба таъкид аст, ки дар рафти корҳои бунёдӣ 40 нафар сокинон ва мутахассисони ҳамин деҳа ба кор таъмин буданд. Масоҳати умумии коргоҳ 15 садяк заминро ташкил медиҳад. Худи бино бошад дар масоҳати 4 садяк қомат афрохта, атрофи он бо гулу буттаҳои гуногун ва дарахтони ҳамешасабз оро ёфтааст.

Ин тасмими соҳибкорони ватандӯст дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ - Саноатикунонии босуръати кишвар саҳми арзанда мегузорад. Зеро дар як шабонарӯз корхона имкон дорад, ки 2000 метри мураббаъ матои нимтайёри нахи пахта ва 6 ҳазору 250 дона ҷуроб истеҳсол намояд. Инчунин дар бино дигар иншооти ёрирасон аз қабили мағоза, дорухона ва нуқтаи хизматрасонии бонкӣ бо насби постерминал ба инобат гирифта шудааст, ки сокинон ва меҳмонон метавонанд аз он самаранок истифода намоянд. Утоқҳои роҳбарият, муҳосибот ва истироҳати кормандон дар ошёнаи сеюм ба нақша гирифта шудааст, ки дорои тамоми шароиту имконот мебошад.

Пас аз ба кор даровардани коргоҳи мазкур ба Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бинои иловагии сеошёнаи рангубори матоъи пахтагин муаррифӣ карда шуд. Иншооти сохташаванда дар доираи ҷашни умумимиллӣ - 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар муҳлати муайян сохта ба истифода дода мешавад. Баъди анҷоми пурраи корҳои бунёдӣ ва оғози фаъолият боз 30 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

Масъулин нақша доранд, ки дар оянда бо зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот содироти онро ба бозорҳои дигар шаҳру ноҳияҳо бароҳ монда, дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ саҳми бештар гузоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520