Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов

17.05.2019 11:09, шаҳри Душанбе

17 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норовро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои СҲШ, масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, маориф, илм, иртиботи оммавӣ, варзиш, сайёҳӣ, ҳифзи мероси фарҳангии давлатҳо, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба татбиқи лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, инфрасохтори сохтмон, телекоммуникатсия, технологияи олӣ ва инноватсия, рушди бахши кишоварзӣ ба манфиати кишварҳои аъзо, табодули андеша карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори азнавсозии платформаи иқтисодии СҲШ, татбиқи лоиҳаҳо дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”, таъсиси хатсайрҳои нақлиётӣ - логистикии пайвасткунандаи Осиёи Марказӣ ба воситаи Хитой ва Россия бо бозорҳои ҷанубу шарқии Осиё ва давлатҳои аврупо, бунёди институтҳои молиявии - Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ ва таъсиси Маркази зидди мухаддиротии СҲШ мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳои аъзои СҲШ оид ба таъмини амнияти минтақавӣ, ҳалли вазъи мураккаби сиёсӣ дар баъзе минтақаҳои Афғонистон, пурзур кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, терроризму экстремизм ва роҳҳои маблағгузории он, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520