ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи
Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон
таъин намудани Ёқубзод С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
фармон медиҳам:
Ёқубзод Саид иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
6 майи соли 2019
№1255