ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Леваканти вилояти Хатлон
озод намудани Самизода С. З.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Самизода Санавбар Зайнулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
6 майи соли 2019
№1249