Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаррифии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин

28.04.2019 15:39

Дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Академия баргузор гардид.

Дар ин вохурӣ дар ҳузури Сарвари давлат муаррифии китоби арзишманди таърихии “Тоҷикон дар оинаи таърих” доир шуд.

Дар маросими муаррифии китоб Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин Сие Фучжан, Мудири кулли маҷмааи нашриёти “Ренмин” ва таърихнигори шинохтаи чинӣ оид ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин, таҳкими дӯстии халқҳои ду кишвар ва нақши китоби таърихии “Тоҷикон дар оинаи таърих” андешаҳои ҷолиб баён карданд.

Зимни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чинро дар ҳаёти илмиву ҷамъиятии ин кишвар ва берун аз он ҳамчун яке аз марказҳои калидии таҳқиқотӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мо ҳамсояи бузургамон - Чинро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ меҳисобем ва аз рушди устувори он изҳори хушнудӣ менамоем. Мо шоҳиди пешрафти босуръати Чин дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳаёти ҷомеа, таҳкиму тақвияти обрӯ ва нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мебошем.

Дар суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таърихи навини Тоҷикистон, раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдат ва амнияти сартосарии сарзамин, ҳамкории дуҷониба бо кишвари ҳамсояи Чин ва дигар масъалаҳои муҳим андешаронӣ карданд.

Барои чопи китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нафароне, ки дар ин кор саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар тарҷума ва чопи ин китоб нашрияи “Ренмин” саҳми шоиста дорад.

Изҳори умед карда шуд, ки китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба хонандагони чиноӣ имкон фароҳам меорад, то дар бораи таърихи мардуми куҳанбунёди тоҷик маълумоти бештару беҳтар пайдо намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520